Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , дар ростои баргузории силсиланишастҳои ҳавзаи саломати кишварҳои узви гурӯҳи панҷ (Ироқ, Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Узбакистон ба унвони узви нозир) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо ҳадафи тавсеа ва бебуди саломати кишварҳои минтақа, бисту ҳаштумин нишасти кишварҳои узв бо ҳузури вазирони беҳдошти ин кишварҳо тайи рӯзҳои 16-18 январи 2024 ва бо ҳамкории бунёди байналмилалии Гавҳаршод баргузор мешавад. Баррасии охирин вазъияти шохисҳо , барномаҳо ва дастовардҳои саломати занон , баррасии муҳиммтарин чолишҳо ва таҳдидкунандаҳои саломати занон дар кишварҳои узв ва баррасии муҳиммтарин рӯйкардҳо ва барномаҳои оянда ва чашмандози саломати занон дар сатҳи минтақа аз аҳдофи ихтисосии ин нишаст хоҳад буд.
13 Феврал 2024 - 15:42
News ID: 1437493
Бисту ҳаштумин нишасти кишварҳои узви гурӯҳи панҷ бо мавзӯъи “Саломати занон ва хонавода” аз фардо ба муддати се рӯз дар Теҳрон баргузор мешавад.